Сиёсати махфият
Аз 28 октябри соли 2026 амал мекунад
Мо ба маълумоти шумо бодиққат муносибат мекунем. Дар ин ҷо кӯтоҳ — чӣ ҷамъ мекунем ва барои чӣ.
Кадом маълумотро ҷамъ мекунем
- Дархост аз сайт: ном, телефон ва он чи навиштед.
- Ҳисоб: ном, логин ва парол. Парол дар шакли рамзгузоришуда нигоҳ дошта мешавад.
- Маълумоти мағоза, ки ворид мекунед: молҳо, фурӯш, бақия, қарзҳо, кормандон.
Барои чӣ
Барои кори система, тамос бо шумо ва кумак. Мо маълумотро намефурӯшем ва реклама нишон намедиҳем.
Нигоҳдорӣ ва додан
Маълумот дар серверҳои ҳимояшуда нигоҳ дошта мешавад ва танҳо барои кори ZUD Business истифода мешавад. Онро ба шахсони бегона намедиҳем, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун талаб мекунад.
Камера ва PIN-код
Камера танҳо барои скан кардани штрих-кодҳо лозим аст — аксҳо нигоҳ дошта намешаванд. PIN-код танҳо дар дастгоҳи шумо нигоҳ дошта мешавад.
Нест кардани маълумот
Ба zudsupport@gmail.com нависед — ҳисоб ва маълумоти шуморо нест мекунем.